15 Май 2022 - 17:08
Захмӣ шудани даҳҳо фаластинӣ дар ҳамлаи низомиёни саҳюнист ба Каронаи бохтарӣ

Низомиёни режими саҳюнистӣ бо ҳамла ба манотиқи мухталифи Каронаи бохтарии руди Урдун даҳҳо фаластиниро захмӣ карданд.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Анатолияи Туркия, низомиёни режими саҳюнистӣ бо ҳамла ба рустои « Кафар қудум » дар шимоли Каронаи бохтарӣ се фаластиниро ба зарби гулӯла захмӣ карданд ва даҳҳо нафар низ бар асари истиншоқи гази ашковар осеб диданд .

Ҳамчунин низомиёни саҳюнист ба рустои « Алҷониаҳ » дар ғарби Ромуллоҳ юриш бурданд ва ба сӯи манозили маскунии фаластиниён гази ашковар партоб карданд, ки бар асари он шуморе осеб диданд. 

  • Вокуниши қотеъонаи Синвор ба таҳдиди режими саҳюнистӣ барои террори вай

  • Идомаи сиёсатҳои шаҳраксозии режими саҳюнистӣ дар Каронаи Бохтарӣ

  • Поин кашидани парчами режими саҳюнистӣ тавассути 2 кӯдаки фаластинӣ

Даргириҳое низ дар рустои « Набии солеҳ » дар ғарби Ромуллоҳ миёни ҷавонони фаластинӣ ва низомиёни саҳюнист рӯй дод, ки дар ин даргирӣ шуморе захмӣ шуданд .
Дар ҳафтаҳои ахир ҳамалоти низомиёни саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён шиддат гирифтааст ва низомиёни саҳюнист дар бисёре аз маворид бо шиллеки мустақими гулӯла фаластиниёнро ҳадаф қарор медиҳанд.

342/